Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли лағзиши тарма!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти ҳавошиносон, дар рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ лағзиши тарма эҳтимол дорад.

Дар робита ба ин, КҲФ ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ дар ин минтақаҳо худдорӣ кунанд, инчунин ҳангоми истифодаи бухориҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд. Бачаҳоро таҳти назорати махсус гирифта, онҳоро беназорат нагузоред.

КҲФ ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот, доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки ҳангоми гарм кардани манзили худ қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя карда, дар истифодаи қувваи барқ эҳтиёткор бошанд. Истифодаи ҳамзамони чанд таҷҳизоти гармидиҳанда метавонад боиси нохӯшиҳо шавад.

Дару тирезаҳои худро аз назар гузаронед, ҷойҳои шамолдарои онро маҳкам кунед. То ҳадди имкон бикӯшед гармии муътадил дар дохили хона таъмин бошад. Ҳамгоми истифодаи бухориҳо дар хонаҳои замини ва истифодаи ангишт низ ҷиддан ба қоидаҳои бехатарӣ диққат диҳед.  Пеш аз алов мондан дар печҳо дудбарои онро аз назар гузаронед.

Бачаҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред.

Ронандагоне, ки худро ба сафарҳои дур аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ омода мекунанд, аввал ба маълумоти обуҳавошиносон, КҲФ, ВКД ва дигар сохторҳои масъул диққат диҳанд. Қабл аз сафар мошинoҳои худро санҷанд, чархҳои тобстонаро бо зимистона иваз намоянд. 

Дар роҳҳо набояд суръати ҳаракатро боло бурд, аксари садамаҳое, ки рух медиҳанд, маҳз ба сабабҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо рух медиҳанд. Риояи фосилаи байни мошинҳо дар роҳҳои кӯҳӣ як гарави саломат расидан ба манзил аст. 

КҲФ ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

барчасп: