Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сардорони шуъбаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумита ва сардорони марказҳои таълимӣ-методии Раёсати Кумита дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, инчунин шаҳри Душанбе ҷамъомади таълимӣ-методӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар мавзӯи «Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» баргузор шуда, аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита роҳандозӣ гардид.
Дар ҷараёни ҷамъомад сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита генерал-майор Ҷамшед Камолзода баромад намуда, доир ба масъалаҳои баланд бардоштани масъулиятнокии сохторҳо ҳангоми арзёбии зарар аз офатҳои табиӣ, таъмини дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, расонидани кӯмак ба аҳолии осебдида, инчунин иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ суханронӣ намуд.
Инчунин, масъалаҳои фаъолияти Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода, таҳлили офатҳои табиӣ дар соли 2025, тартиб ва ҳаҷми расонидани кӯмаки яквақтаи моддӣ ба аҳолии зарардида, истифодаи манбаъҳои захиравии моддӣ, татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019–2034, Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023–2028 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2023–2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, таснифи онҳо ва натиҷаи презентатсияҳои сардорони шуъбаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди раёсатҳои минтақавии Кумита муҳокима гардиданд.
Дар анҷом, масъалаи таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи амал барои солҳои 2026–2028-и Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023–2028» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Қайд кардан ба мавридаст, ки чорабинии мазкур бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) баргузор гардид.


