КҲФ: Наҷотдиҳандагон 2 ҷасадро аз зери тарма бароварданд

Дар натиҷаи боришоти шадиди барф ва фаромадани тарма дар қитъаҳои алоҳидаи шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ, наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои таъхирнопазири тоза намудани роҳ аз барфу тарма ҷалб гардиданд.

  Айни ҳол гурӯҳҳои наҷотдиҳанда бо истифода аз техника ва таҷҳизоти махсус корҳои бартарафсозии монеаҳои барфиро ба роҳ монда, ҷиҳати барқарор намудани ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Корҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор идома дошта, вазъият зери назорати доимӣ қарор дорад.

    Дар робита ба ин илова карда мешавад, ки ҳафтаи равон наҷотдиҳандагони кумита ҷасади ду нафар кормандони Шуъбачаи назорат ва ташкили ҳаракат дар роҳи Раёсати бозрасии давлатии автомабилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тарма бароварда ба сохторҳои дахлдор супориданд.

    Кумита аз ронандагон ва шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намуда, танҳо дар ҳолати зарурат ба сафар бароянд ва хабарҳои расмиро пайгирӣ намоянд.

барчасп: