КҲФ: Дар ноҳияи Рӯдакӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Рӯдакӣ, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар селроҳаи деҳаҳои Шараф ва Иқбол, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Зайнабобод, идома доранд.

Корҳои мазкур дар масофаи 900 метр бо паҳнои 6 метр ва баландии 4 метр анҷом дода шуда истодаанд. Ҳадафи асосии татбиқи ин тадбирҳо коҳиш додани хавфи омадани сел, таъмини амнияти аҳолӣ, ҳифзи манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти инфрасохторӣ аз офатҳои табиӣ мебошад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ мунтазам корҳои пешгирикунанда ва муҳандисиро ҷиҳати коҳиш додани хавфҳои табиӣ ба роҳ мемонад.

барчасп: