КҲФ: Натиҷаи фаъолият дар соли 2025 ва вазифагузорӣ барои соли 2026

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамбасти фаъолияти Кумита дар соли 2025 ва вазифа барои соли 2026 баргузор гардид.

     Дар кори ҷаласа Раиси Кумитаи ҳолатҳои фақулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаломзода Абдумаҷид, муовини якуми раиси кумита генерал-майор Латифзода Ҳотамшо, муовинони раис, сардорони сарраёсатҳо,  раёсату шуъбаҳои алоҳидаи дастгоҳи марказӣ, роҳбарони сохторҳои тобеи Кумита дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

     Ҷаласаро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фақулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ифтитоҳ намуда, дар бораи натиҷаҳои фаъолият, ҳамчунин дастовардҳо ва масъалаҳои ҳалталаб дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода сухан ронданд. Раиси Кумита таъкид намуданд, ки барои таҳкими омодагии доимии ҳайати шахсӣ, беҳтар намудани кор бо аҳолӣ, такмили ҳамкориҳои байниидоравӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои техникӣ бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

     Сипас, дар навбати худ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдумаҷид Абдусаломзода,  муовини якуми Раиси Кумита, генерал-майор Латифзода Ҳотамшо бо гузоришҳои муфассал баромад намуданд.  Онҳо аз натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Кумита, иҷрои нақшаҳои корӣ ва тадбирҳои амалӣ дар самтҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, бартарафсозии оқибатҳои онҳо ва таъмини амнияти аҳолӣ суханронӣ намуданд.

       Дар идомаи ҷаласа роҳбарони сохторҳои тобеи Кумита дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баромад намуда, оид ба самтҳои дахлдори фаъолияти хизматӣ, натиҷаҳои бадастомада ва вазифаҳои минбаъда маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Онҳо инчунин як қатор пешниҳодҳои амалиро ҷиҳати беҳтарсозии фаъолияти сохторҳои тобеъ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ва таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ манзур намуданд.

     Дар анҷоми ҷамъомад таъкид гардид, ки роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумита минбаъд низ тамоми саъю кӯшишҳои худро барои таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии онҳо, инчунин пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода равона хоҳанд сохт.

барчасп: