КҲФ: Дар Тоҷикистон бориши шадиди барф дар назар аст

Тибқи маълумоти Хадамоти обуҳавошиносӣ, рӯзи 22 январ дар шаҳри Душанбе ва аксари минтақаҳои кишвар бориши шадиди барф пешбинӣ мешавад.

Дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтимоли фаромадани тарма, яхбандӣ, ҷамъшавии барф ва якбора паст шудани сатҳи биниш вуҷуд дорад.

КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ба шаҳрвандон тавсия медиҳад:

— Қоидаҳои бехатариро риоя намоянд; — Аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд; — Масирҳои худро пешакӣ ба нақша гиранд; — Ахбори расмии обу ҳаворо пайгирӣ намоянд.

Эҳтиёт бошед ва саломатии худро ҳифз намоед!

 

барчасп: