20 январи соли 2026 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Судипто Мукерҷӣ мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот аз ҷониби Кумита сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковник Саидиён Насриддин ва аз ҷониби Барномаи рушди СММ муовини намояндаи доимӣ Лазима Онта Бхата, намояндаи барномавӣ Умед Вахобов ва менеҷери лоиҳаҳо Чамила Мирсаидова иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи аҳолӣ ва таҳкими иқтидори соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда ва идомаи ҳамоҳангсозии фаъолият дар доираи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳор намуданд.


