КҲФ: Огоҳӣ дар бораи хавфи тарма

Рӯзҳои 27 то 29 январи соли ҷорӣ, бинобар сабаби боришоти атмосферӣ ва шиддатёбии боришот, махсусан санаи 28 январ ва шаби 29 январ, дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ хавфи бештари зуҳуроти тарма пешгӯӣ мешавад.

Хавфи бештари тарма дар минтақаҳои зерин эҳтимол дорад:

  • шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе – Чаноқ (километрҳои 48–74);
  • минтақаҳои тармафарои Майхура ва Зидеҳ-и ноҳияи Варзоб;
  • ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ;
  • инчунин минтақаҳои тармафарои Манем, Вуж, Тангив ва Биду-и ноҳияи Шуғнон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Бо сабаби вазъи номусоиди обу ҳаво, ба шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия дода мешавад, ки бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ ва тармафаро сафар накунанд.

Ба масъулони соҳаҳои роҳу нақлиёт тавсия дода мешавад, ки чораҳои зарурии пешгирикунандаро андешанд.

барчасп: