КҲФ: Мулоқоти муовини Раиси Кумита бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 январи соли 2026, дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини Раиси Кумита генерал-майор Сулаймон Исозода бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мулоқот аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо доктор Яна Ламберт – мушовири сиёсии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Леа Трис – роҳбари барномаи сиёсати хориҷӣ, хонум Тахмина Мирзоева – тарҷумони Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар вохӯрӣ намояндагони Фонди Тоҷикистонии Оғохон – Наҷиб Яминов ва Рухшона Бошмоева ҳузур доштанд.

Аз ҷониби Кумита дар мулоқот ҳамчунин полковник Шерзода Чура – муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ ва полковник Саидиён Насриддин Табарӣ – сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, инчунин вохӯрии арзёбии лоиҳаҳо ва нақшаи ҳамкорӣ барои соли 2026-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти баланд бардоштани иқтидори соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таъкид намуданд.

барчасп: