Рӯйдоди олам: сӯхторҳо, заминларза, садамаҳои маргбор

Субҳи имрӯз расонаҳои олам аз чандин рӯйдоди фақулодда хабар хабар доданд. Аз ҷумла, лағзиши тарма ва ҳалокати одамон дар Калифорния, ҳамлаи леопард ба тифли дусола, такони замин дар Гондурас, сӯхтори ҳалокатбор дар Тюмен, барфи шадид дар кишварҳои Амрикову Аврупо, бодҳои харобиовар ва роҳҳои пурхавфи куҳӣ дар дигар манотиқи олам аз ҷумлаи ин хабарҳо буданд.

Ҳамлаи леопард ба кӯдаки дусола дар боғи ҳайвонот

Дар боғи ҳайвоноти Уссурийск леопард ба кӯдаки дусолаи саргарми тамошо ҳамла кард ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вокуниш ба ин рӯйдод падару модари тифлро ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Ин дарранда замоне ба тифл ҳамла кард, ки волидонаш ӯро беназорат монда буданд. Дар ин бора аз раёсати корҳои дохилии кишвари Приморйе ба расонаҳо хабар додаанд. 

Дар хабари дафтари матбуотии ниҳод аз ҷумла омадааст: “Ин оила аз шаҳри Арсенйев фарзандонашонро ба тамошои боғи ҳайвонот овардаанд. Ва вақте падару модар бо писари чорсолаашон машғул шуданд, тифли дусола беназорат монд ва ба қафаси леопард назик шуд. Дарранда бо панҷаҳояш аз сари писарбача дошт. Духтурон сари вақт ҳар кумаки лозимро барои безарар гардонидани захми панҷаи дарранда анҷом доданд”. 

Дар робита ба ин ҳодиса  рафтори ношоиста ва беэҳтиёти волидонро мавриди накуҳиш қарор гирифтаву тибқи моддаи қонун дар мавриди бетаваҷҷуҳии волидон ва ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон дар тарбия ва нигоҳубини онҳо протокол тартиб дода шудааст. 

Мақомоти умури дохилии минтақа гуфтаанд, ки ин ҳодиса мавриди омӯзишу тафтиши ҷиддӣ қарор гирифтааст.

Дар Калифорния тарма 13 нафарро кушт

Вале мақомот мегӯянд шумори ҳалокшудагон бар асари ин офати табиӣ эҳтимолан меафзояд.

Бар асари лағзиши тарма дар иёлоти Калифорнияи ИМА 13 нафар ба ҳалокат расиданд. Мақомот мегӯянд шумори ҳалокшудагон эҳтимол аст афзоиш ёбанд.

Сардори пулиси минтақаи Санта-Барбара Билл Браун ба хабаргузории Los Angeles Times гуфтааст, ки дар ин рӯйдод бештар аз 25 нафар ҷароҳат бардоштанд. 

Гуфта мешавад, ки ин тарма ҳамагӣ баъди чанд ҳафтаи оташсӯзиҳои бузурги ҷангал дар минтақа сарозер шудааст. 

Бино ба хабарҳо наздик ба 21 ҳазор сокинони Калифорнияи Ҷанубӣ аз макони офат ба ҷойи амн интиқол ёфтаанд.

Ба хадамоти наҷоти минтақа хабарҳои зиёде дар мавриди бенишон гум шудани одамон дар ин офати табиӣ мерасанд, вале шумори дақиқи ғайбзадагон эълон нашудааст.   

Заминларзаи шадид дар баҳри Кариб

Дар баҳри Кариб замин шадидан такон хӯрд. Хадамоти геологии ИМА хабар дод, ки ин заминларза бо қувваи 7,6 балл соҳилҳои Гондурасро ба ларза овард.

Ин заминҷунбӣ соати 02.51бо вақти UTC (5.51 вақти Маскав) ба қайд гирифта шуда, маркази он 202 км дар шимоли маҳалли аҳолинишини Барра-Патукаи Гондурас будааст. 

Ҳамчунин дар аксар қисматҳои Гондурас, ҷануби Мексика, аз ҷумла дар Канкун такони замин эҳсос шудааст.  

Заминларзаи зериобӣ хафви сар задани вулқонҳоро дорад. Дар гузашта ин гуна рӯйдодҳои ҳалокатовар дар қаламрави Мексика, Гондурас, Куба, Белиза, Коста-Рика, Панама, Никарагуа, Гватемала, Ямайка ва ҷазираҳои Кайман ба қайд гирифта шуда буд.

Дар мавриди харобиҳои эҳтимолии ин заминларза хабар дода нашудааст. 

Дар сӯхтори бинои баландошёна дар Тюмен як нафар ба ҳалокат расид

Сӯхтори харобиовар дар як бинои баландошёна, ки сабаби он маълум нест, сокинонро ба даҳшат андохтааст.

"Ҳангоми азаназаргузоронии хона ҷасади як нафар пайдо шуд”,- хабар додааст дафтари матбуотии хадамоти сӯхторнишонии шаҳри Тюмен.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ як нафари дигар бо ташхиси заҳролуд шудан аз маҳсулоти оташгирифтаи хона дар бемористон бистарӣ шудааст. 

Аз рӯйи ҳодисаи сӯхтор дар бинои баланошёна дар Тюмен парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Тафтишот мегӯяд бегоҳии рӯзи душанбе афроди ношинос яке аз хонаҳои ин биноро оташ задааст. Бар асари ин сӯхтор амволи сокинон сӯхта хокистар шудааст. 

Дар айни замон ҳамаи бошандагони ин бино аз хатар берун карда шудаанд.  Майдони умумии сӯхтор 1,5 ҳазор метри мураббаъ эълон шуда, 160 нафар ба макони бехатар интиқол дода шудаанд.

барчасп: