Сафари кории Раиси Кумитаи ҳалатҳои фавқулодда ба Аморати Муттаҳидаи Араб поён ёфт

Дар доираи Ёддошти тафоҳуми имзошуда миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ, ҳамчунин бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода Раиси КҲФ, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба Аморати Муттаҳидаи Араб сафари корӣ анҷом дод.

Дар шаҳри Дубай Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз анборҳои башардӯстонаи СММ дидан кард, ки дар масоҳати 13 гектар ҷойгир шудааст. Дар он ҷо бо шеваи кори анборҳо, воситаҳои техникӣ, механизмҳо ва дигар ашёҳои мавҷуд дар анборҳо ошно шуд.

Ҳамчунин бо мақсади рушди муносибатҳои минбаъда Раиси Кумита дар шаҳри Абу-Дабӣ бо Директори генералии Хазинаи Халиф ҷаноби Ҳоҷӣ Муҳаммал ал-Ҳурӣ мулоқот кард. Вохӯрии дуюми раиси КҲФ бо Директори иҷроияи Хазинаи Халиф баргузор шуд. 

Дар идомаи сафари худ Сарвари КҲФ бо роҳбари Агентии ҳолатҳои фавқулоддаи Аморати Муттаҳидаи Араб Ҷамол Муҳаммад ал-Ҳусанӣ ва дигар шахсони олирутбаи Аморати Муттаҳидаи Араб дидор кард. Ҳамчунин бо кори Маркази идораи вазъи буҳронии АМА ва дигар иншоотҳо шинос шуд. 

Дар вохӯриҳо пешниҳод шуд, ки якчанд тарҳҳое, ки ба таҳкими базаи моддӣ-техникии КҲФ равона шудаанд, омодасозӣ ва бозомӯзии кормандон якҷоя татбиқ шаванд. Ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда низ дар ин дидорҳо суҳбатҳо сурат гирифтанд. 

Маълумотномаи мо: Анборҳои башардӯстонаи СММ дар шаҳри Дубай нигаҳдорӣ ва идора мешаванд ва он ҷо ба нуқтаҳои фавқулодда барои созмонҳои башардӯстонаи Африқо ва Осиё ирсол мегарданд.