400 хоҷагии муҳоҷири экологӣ дар як сол. Посухи генерал Назарзода ба номаи журналист Фарзона Мирзоева
Ба генерал Рустам Назарзода!
Борҳо чун як рӯзноманигор аз оқибатҳои офатҳои табиӣ гузоришҳо таҳия кардаам ва медонам, ки Тоҷикистони мо дар як минтақаи ба офатҳо осебпазир ҷойгир аст. Бахусус, дар навоҳии куҳистон одамон бештар зарар мебинанд, хонаҳо зуд вайрон мешаванд ва мардум бесарпаноҳ мемонанд. Аммо вақте оқибатҳо бартараф мешаванд, мебинем, ки онҳо боз ҳам дар ҳамон макони офатзада хона месозанд. Дар ҳоле медонанд, ки ин обхезӣ ё ярч