Ҳушдор аз боронҳои пуршиддат, эҳтимоли омадани селҳо ва жолаву раъду барқ дар рғзҳои 24-25 май (ВИДЕО)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар ба шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 24-25 майи соли 2024 дар ҷумҳурӣ боронҳои пуршиддат, раъду барқ ва жола  пешбинӣ шудааст. Дар ин рӯзҳо шамол бо шиддати 10-15м/с ва дар баъзе ноҳияҳо ба шиддати 13-18м/с хоҳад вазид.

Чунончӣ, дар ҳудуди вилояти Хатлон рӯзҳои 24-25 май ва шаби 26-уми май борон шиддат мегирад ва эҳтимоли раъду барқ вуҷуд дорад. Бод аз самти ғарб бо суръати 3-8 м/с ва дар навоҳии ҷудогона ба шиддати аз 10 то 15 м/с хоҳад вазид. 

Дар вилояти Суғд низ рӯзҳои 24-25 майи соли равон борону раъду барқ дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ жола ва раъду барқ пешбинӣ мешавад. 

Дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ рӯзи 26 майи соли 2024 обуҳавошиносон борон, жола ва раъду барқро пешгӯӣ мекунанд, рӯзҳои 24-25 бошад ин боришҳо шиддат хоҳанд гирифт.

Дар ҳудуди ВМКБ рӯзҳои 24-25 майи соли 2024 борон меборад ва шабона дар баландиҳои бештар аз 3000 метр аз сатҳи баҳр бориши барф эҳтимол дорад.

Дар робита ба ин, Кумита бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии шароити обу ҳаво бори дигар ба идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки ҷиҳати пешгирии оқибатҳои омадани сел каналҳо, селроҳаҳо, ҷӯйборҳоро тоза кунанд.

Аз волидон хоҳиш карда мешавад фарзандони нобилиғашонро беназорат нагузоранд, онҳоро ба моҳидориву чорвочаронӣ ва ғунучини гиёҳҳои шифобахш нафиристанд.

Сокинон аз қабл бояд каналу ҷӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна сангу регу хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел роҳи гузар дошта бошад ва  ба ҳавливу қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ворид нашавад.  

Дар ҳоли рӯбарӯ шудан ба ин ё он ҳолати фавқулода сокинон метавонанд бо телефонҳои  112 ва ё 93 880 28 19, 88 400 01 01 занг зананд ва кумак хоҳанд.