73 нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба Китобхонаи миллӣ омаданд

Нимаи дувуми рўз ба Китобхонаи миллӣ 73 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини сардори Раёсати кадрҳои Кумита полковник Атохоҷа Шоев ташриф оварданд.

Зимни суҳбат ба мо полковник Шоев иброз дошт, ки қарор аст пагоҳ низ аз сохторҳои дигари Кумита ба рўзи Дарҳои бози Китобхонаи миллӣ биёянд. Ҳайате, ки ҳоло омад, аз Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе мебошад.

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  дар шаҳри Душанбе  аз толори хизматрасонӣ ба истифодабарандагон, толори хониши электронӣ, толори озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хонандагони асарҳои Пешвои миллат», мусаввараи «Аз давра ба давра», ки ба қалами Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифзода, мансуб аст ва осорхонаи шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхона дидан карданд.

Ба меҳмонҳо китобчаҳои маълумотдиҳанда ва раҳнамоикунанда барои ошноии бештар бо Китобхона ва нишони Китобхонаи миллӣ туҳфа шуд.

Ёдовар мешавем, ки имрўз рўзи дуввуми Дарҳои бози Китобхонаи миллист, ки то нисфи имруз беш аз 1500 нафар меҳмони он шуданд. Бояд гуфт ин шумора нисбати дирўз бештар аст. Дар рӯзи аввали Дарҳои боз ба Китобхона 852 меҳмон ташриф оварда буд.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.  

 

барчасп: