Ба сокинони 11 шаҳр ва ноҳияи аз офатҳо зарардидаи кишвар ёриҳои башардӯстона расид

Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кумак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ёрии навбатии башардӯстона расонд.

Се дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ. Талафоти ҷониву вайронии дигар нест

14 июни соли 2024 бар асари боришоти шадид дар километри 5 ва 12-уми роҳи байни деҳаҳои Обурдон ва Камодони ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд сел роҳҳоро баст.

Барои анҷоми корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ техника ва кормандони хадамоти роҳи вилоят сафарбар карда шуд. Пас аз анҷоми корҳо, роҳ тоза ва ҳаракати

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони азиз!

Фардо иди саиди Қурбон, ки моҳияти онро арзишҳои неки инсондӯстӣ, анҷоми корҳои хайру савоб, тарғиби адлу инсоф ва кумаку меҳрубонӣ нисбат ба ҳамдигар ташкил медиҳанд, фаро мерасад.

Мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони кишвар оромиву осоиш ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.

Дар раъду барқи Сангвор як чӯпон ҷони худро аз даст дод. КҲФ тавсия медиҳад, ки қоидаҳои бехатариро риоя кунед!

Ин ҳодисаи нохуш 13 июни соли 2024 дар ноҳияи Сангвор рух додааст. Шабона дар чарогоҳи тобистонаи воқеъ дар шаҳраки Қарашӯра, ҳаммарз бо ноҳияи Лахш (баландии 3500-3700 метр), ҳангоми боришоти шадид яке аз се чӯпон, сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ва ҳудуди 200 сар чорвои майдаро барқ ба ҳалокат расондааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки чӯпонҳо шабона дар ҷойи аз

КҲФ: То 17-июни соли равон хатари омадани селҳо вуҷуд дорад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 15-17 июни соли 2024 дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ кунанд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.

Страницы