Тамошои дастҷамъии суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар КҲФ

Имрӯз кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” тамошо карданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”

Олиҷанобон,
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,

Хонумҳо ва ҷанобон!

Ҳамаи шуморо ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” хайрамақдам мегӯям!

Мулоқоти генерал Назарзода бо ширкаткунандагони Сеюмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд

Дар ҳошияи Сеюмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода 10 июни соли 2024 бо чанде аз  иштирокчиёни чорабинии мазкур як қатор вохӯриҳо баргузор намуд.

Сеюмин Конфронси бйналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз кард

Рӯзҳои 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе Сеюмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мешавад. Ин чорабинӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади рушди ҳамкориҳо дар самти захираҳои об дар сатҳи минтақавӣ, маҳаллӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ ташкил шудааст.

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили обҳо дар вилояти Суғд

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини бехатарии шаҳрвандон дар назди махзанҳои об, махсусан дар мавсими оббозӣ аҳамияти калон медиҳад.

Бо ин мақсад кормандони КҲФ чорабиниҳои гуногуни иттилоотию таблиғотиро, ки ба баланд бардоштани фарҳанги бехатарии ҳаёт ва пешгирии марги одамон дар объектҳои

Страницы