Пули харобшуда дар Шаҳристон барқарор шуд. Оқибатҳои сел бартараф мешавад
Чоп шуд: 13/05/2020 | redaktor
Ҳамчуноне хабар дода будем, борони шадиди рӯзи гузашта харобиҳое дар баъзе минтақаҳои вилояти Суғд ба ҷо гузошт. Аз ҷумла, бар асариборони пуршиддат дар ноҳияи Шаҳристон, ҷамоати деҳоти Турсунзода сел омада, 1 адад пули маҳаллӣ зарар дида, корҳои бартарафкунӣ дар ин самт идома дорад.