КҲФ: Қадрдонии собиқадорон

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қадрдонии собиқадорони соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Чанде пеш, полковники эҳтиёт Ғафуров Хайрулобек Асатуллоевич, собиқ корманди Кумита, ба муносибати ҷашни 80-солагиаш бо сипосномаи муовини раиси Кумита, генерал-майор Иброҳимзода Имомалӣ Набибулло қадрдонӣ гардид.

Полковник Ғафуров Х.А. аз солҳои аввали ба даст омадани истиқлоли давлатӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар вазифаҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла ҳамчун муовини раиси Кумита ва раиси ноҳия фаъолият намудааст. Солҳои зиёде ба хизмати содиқона бахшида, соли 2020 ба нафақа баромадааст.

Генерал-майор Иброҳимзода дар ҷараёни мулоқот иброз дошт:

«То кунун ӯ дар такмили дониши кормандони Кумита саҳмгузор аст ва бо таҷрибаи ғании худ ба тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ мусоидат менамояд. Ӯ шахсияти содиқ ба марзу бум ва таърихи зиндае мебошад, ки хизматҳои шоёнаш дар хотири ҳамагон нақш бастааст».

барчасп: