Садамаи мошин дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов. Як тан ҳалок шуд, ду нафар маҷруҳ
Чоп шуд: 27/09/2023 | redaktor
Рӯзи 26-уми сентябри соли равон ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар расид, ки дар километри 280-300 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов мегузарад, як мошини тамғаи «Hundai» ба як дарахт бархӯрдааст.