Раёсати Суғд

Машқҳои омӯзишӣ дар Суғд

Дар вилояти Суғд бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист, машварат - тренинги дастурдиҳӣ ба хотири огоҳонӣ аз офати фалокатовари заминларза баргузор шуд.

Дар ҷараёни машварат намояндагони бахши Агентии...

Машқи мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021, ки аз ҷониби Сардори мудофиаи гражданӣ-раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ карда шудааст, машқи мудофиаи гражданӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Санҷиши омодагиҳои техникаи наҷот дар Раёсати Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  азназаргузаронии солонаи техникаи наҷот баргузор шуд. Дар рафти ин азназаргузаронӣ омодагии техникаи наҷот барои мавсими зимистони санҷида шуд.

Санҷиш нишон дод, ки техникаи наҷоти Раёсат барои фаъолият дар давраи зимистон омода аст.

Идомаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Раёсати Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба рӯзи коҳиши хавфи хатар аз офатҳои табиӣ рӯзи дарҳои боз баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30-юми ҷамоати деҳоти Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд.

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар шаҳри Хуҷанд

Дар Боғи фарҳангиву фароғатии Камоли Хуҷандии вилояти Суғд  бахшида ба рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар доираи лоиҳаи “Амал дар асоси пешгӯӣ” чорабинии таблиғотӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, сардорону афсарони шӯъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ...

Страницы