Мудофиаи гражданӣ

КҲФ: Ҳамкориҳо бозҳам тақвият ёфтаанд

Дар доираи таҷлили Рӯзи мудофиаи гражданӣ, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимият, аз ҷумла Раёсати оташнишонӣ, Шӯъбаи корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти ёрии таъҷилӣ ва ризокорони Кумита ва бо дастгирии Фонди Тоҷикистонии Оғохон (ФТО), дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машқи муштараки идоракунии ҳолатҳои фавқулодда (SIMEX) баргузор карда шуд.

Машқи мазкур бо мақсади мустаҳкам намудани сатҳи омодагӣ ва баланд бардоштани қобилияти вокуниш ба офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда

КҲФ: РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР Н.РӮДАКӢ

Санаи 4- уми апрели соли 2026 дар асоси амри Раиси ноҳия аз 12 марти соли 2026 таҳти №35 ва мутобиқ ба нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Литсеи давлатӣ «Рӯзи мудофиаи гражданӣ» ба таври намунавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ дар мавзуи «Амали ҳайати неруҳои ғайриҳарбӣ ва таълимгирандагон ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаи характери табиӣ (заминларзаи 6–7 балла)» ташкил шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи омодагии хонандагон ва кормандон ба ҳолатҳои фавқулода арзёбӣ гардид.

Машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар Норак

Рӯзҳои 28-30 апрели соли 2025 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, комиссияҳо, сардорони мудофиаи граждании хадамот, қувва ва воситаҳои зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии шаҳри Норак оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ҷамоатҳои деҳот, иншоотҳои иқтисодӣ, раисони маҳалаҳо, гурӯҳҳои ихтиёрии наҷот ва аҳолии шаҳри Норак доир ба мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии шаҳр оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ҳангоми боридани боронҳои пай дар пай ва хавфи зериобмонӣ қарор гирифтани ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳр», ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе амал ҳангоми заминларзаро тамрин карданд

29-уми апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 ноҳияи Сино, чорабинии Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ

Машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Темурмалик

Рӯзҳои 23-25 апрели соли 2025 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, раисон ва аъзоёни комиссияҳои мудофиаи гражданӣ, сардорони мудофиаи граждании хадамотҳо, зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии ноҳия оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои

Страницы