Мудофиаи гражданӣ

Машқҳо ва санҷишҳои ғайринақшавии Кумита

Дар асоси Нақша - чорабиниҳо оид ба иҷрои қарори ҷаласаи ҳайати Мушовараи Кумита 13 то 18 феврали соли 2023 дар ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат, Файзобод ва Рӯдакӣ аз ҷониби кормандони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита санҷиши минтақаҳои хавфнок гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, тибқи банди 8-и Қарори ҷаласаи Мушовара машқи ғайринақшавии Низоми ягонаи...

Роҳандозии корҳои пешгирӣ аз хатари оофатҳо дар ноҳияи Спитамен

Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби захираи моддии мақомот дар ҷамоатҳои шаҳраки Навкат ва Турсун Улҷабоев бо истифода аз техникаҳои муҳандисӣ тоза намудани ҷӯйбори обгузарро аз қуму лойқа ба масофаи 1000 метр ба нақша гирифта, айни замон корҳои тозакунӣ дар ин мавзеъҳо ба масофаи 500 метр гузаронида шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

Анҷоми марҳилаи дуюми омӯзишҳо дар ноҳияи Мастчоҳ ва роҳандозии корҳои соҳилбандӣ дар ноҳияи Шаҳринав

29 ноябри соли 2022 дар доираи машқҳои ҳамаҷонибаи мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд кормандони КҲФ бо Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия, роҳбарони хадамоти мудофиаи гражданӣ ва зерсистемаҳои ҳудудии низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиии ноҳия дар мавзӯи «Системаи ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи...

Тадбирҳои пешгирӣ аз сел дар Шаҳринав

Бахши  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шаҳринав хабар дод, ки  20 ноябри соли ҷорӣ дар селпартои деҳаи Аҷам ва канали Запатный Веткаи болои деҳаи Муллошодии ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанов барои тоза намудани каналу  селпарто як адад Экскватор, як адад Камаз  ва зиёда аз 150 нафар сокинони деҳаҳои Дустӣ ва Аҷам сафарбар шуданд.

Дар Шаҳринав ҷаласаи Комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд

Бо мақсади татбиқи Нақшаи асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шаҳринав таҳти раёсати раиси ноҳия ҷаласаи Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, ҷамоату маҳаллаҳои ноҳия иштирок доштанд.

Страницы