Қоидаҳои бехатарӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Эҳтиёт кунед, сардиҳои аввал

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 6-уми октябри соли 2020 дар ноҳияҳои наздикӯҳии кишвар сардиҳои аввалини сол мушоҳа хоҳад шуд. Болои хок дамои ҳаво аз  – 0 до - 4°С сард мешавад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ ба аҳолии ин ноҳияҳо муроҷиат...

КОВИД-19: Тавсияҳо ба волидон барои фарзандонашон. Силсилаи матолиби дигар дар ин бора

Бо мақсади пешгирӣ аз густариши вируси корона КОВИД-19 миёни хонандагони мактабҳо ва кӯдакистонҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи волидон як қатор тавсияҳоро пешкаш мекунад. КҲФ ба падарону модарон ёдовар мешавад, ки хатари сироят ба коронавирус ҳамоно таҳдид мекунад ва онҳо набояд бепарво бошанд.

Вохуриҳо бо аҳолии Норак ва Файзобод

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни тамоми қишри аҳолии кишвар мунтазам чорабиниҳо баргузор мекунанд.

Бо ин мақсад кормандони  Кумита бо аҳолии  шаҳри Норак ва дар маркази ноҳияи Файзобод корҳои фаҳмондадиҳиро ташкил ва баргузор намуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои пурчангу ғубор ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки шабонарӯзи оянда дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии кишвар ва навоҳии тобеъи марказ шамол шиддат мегирад, суръати вазиши он аз 15 то 20 метр дар як сония мерасад.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ҳатман ниқоб бипӯшед!

Дар бораи бехатарӣ ва риояи одитарин қоидаҳои беҳдошт мо борҳо дар сомонаи худ навиштаем ва пайванди онҳоро ҳам дар поёни ин матлаб меорем. Вале ҳар боре агар мехоҳем чизе дар ин бора бигӯем, боз ҳам мебинем, ки такрор муҳим аст, то одамон бештар ҳушёр бошанд ва саломтии худро ҳифз кунанд. Кумтаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи...

Страницы