Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои пурчангу ғубор ҳушдор медиҳад!
Чоп шуд: 10/07/2020 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки шабонарӯзи оянда дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии кишвар ва навоҳии тобеъи марказ шамол шиддат мегирад, суръати вазиши он аз 15 то 20 метр дар як сония мерасад.