марти 2022

Рӯзи МОДАР муборак!

Рӯзи МОДАР муборак!

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шумо модарон ва бонувони арҷмандро ба муносибати Рӯзи Модар муборакбод мекунад. Ин ид далели эҳтироми амиқ нисбат ба шумост. Он ба одамони синну сол ва касбу кори гуногун хотиррасон мекунад, ки аз хама наздиктарин, азизтарин ва мухимтарин шахсе,

Таҷлиди Рӯзи Модар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

5 марти соли 2022 бахшида ба Рӯзи Модар – 8 март дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ ба ҳайати занони Кумита Раиси КҲФ, генерал-полковник Рустам Назарзода муроҷиат намуд.

“Дар арафаи ид шумо, бонувони азиз, бо Рӯзи Модар табрик

Резиши санг дар ноҳияи Рӯшон. Паёмадҳои он бартараф шуд

Резиши санг дар ноҳияи Рӯшон

3 феврали соли 2022, соати 15:11 ба вақти маҳаллӣ, дар километри 97-уми роҳи мошингарде, ки аз худуди деҳаи Ватангони ҷамоати деҳоти А.Басизи ноҳияи Рӯшони ВМКБ мегузарад, сангрезӣ ба қайд гирифта шуд.  Ин резиши санг талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.

Бо талоши кормандони Вазорати нақлиёти кишвар роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз рӯзҳои боронии оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 то 8 марти соли 2022 дар қаламрави кишвар боронҳои шадид (дар баландиҳои беш аз 2500 метр барфи тар) дар назар аст.
Бар асари бор
онҳои шадид хатари баланд шудани сатҳи

Зилзила дар Тоҷикистон. Бе талафоти ҷониву хисороти дигар

Бино ба  маълумоти идораи зилзиласанҷии Тоҷикистон соалти 14:57 дақиқаи рӯзи дуюми марти соли равон дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин такони замин 306 километр ҷанубу шарқи Душанбе ва 270 километр ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ дар ҳудуди Афғонистон буд.

Як ҳамлаи дигари паланги барфӣ. Ин бор ҳам дар Роштқалъа

3 марти соли 2022 тақрибан соати 01:30 паланги барфӣ ба оғили як сокини деҳаи Амбави ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштақалъаи ВМКБ ворид шуд ва ба ҳайвоноти хонагӣ ҳамла кард. Дар ин ҳамла ба паланг муяссар шуд 6 сар чорвои хурдро нобуд кунад.

Сокинони деҳа ҳамроҳ бо имдодгарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Омодагӣ ба баҳор. Поккориҳо дар канали Мулло Шодӣ дар Турсунзода

Бо мақсади иҷрои супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ дар минтақҳои хавфнок 2 марти соли равон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷўра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ҳудуди маҳаллаи хавфноки деҳаи Бобониёз Тошев-2 тамрини Ситодӣ дар мавзўъи «Амали ҳайати фармондеҳони Ситод...

Тарма дар осори хаттии бостон

Аввалин манбаъи хаттӣ дар бораи тарма дар кӯҳҳои Алп дар тӯлонитарин солномае омадааст, ки ба солҳои 1120 мутааллиқ аст. Ин асноди таърихӣ дар бораи нобуд шудани аҳли рикоби усқуф Рудолф ҳикоят мекунад, ки соли 1129 барои таҷлили мавлуди Исои Масеҳ (ҷашни Криссман) аз тариқи ағбаи Бузурги Сен-Бернар ба шаҳри Рум равон буд. Сар аз асри 15 дар воқеъаномаву солномаҳо дар бораи фоҷеаҳои тарма дар кӯҳҳои Алп зиёдтар ёдоварӣ мешавад.

Сабти шаш ҳодисаи лағзиши тарма дар роҳҳои кишвар дар шабонарӯзи гузашта

Якуми  марти соли 2022 соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километрҳои  42, 43 ва 48 роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим, ки аз қаламрави ҷамоати Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим убур мекунад, се маврид лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Ҳаммчунин дар километрҳои 7, 8 ва 24 роҳи Хоруғ-Ишкошим, дар ҳудуди деҳаи Пиш, ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳи ноҳияи

Анҷоми давраи омӯзишӣ барои мураббиён

28 феврали соли 2022 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишии «Кор бо ҷасади одамон дар ҳолатҳои фавқулодда», ки дар он намояндагони вазорату идораҳои кишвар ширкат доштанд, ба анҷом расид.
Давраи омӯзишии мазкур 
дар асоси Нақшаи

Занҷираи ғизо

Соли 1953 дар як рустои ҷопонӣ одамон баногаҳ ба бемории комилан ношинос гирифтор шуданд. Он системаи асабро фаро мегирифт: беморон мувозинати ҳаракатро гум карданд, гӯшашон вазнин шуд, нури чашмашон ва фаҳму даркашонро аз даст доданд.

Духтурон ин гуна ташхис карданд: заҳролудшуда аз симоб. Вале симоб аз куҷо пайдо шуд? Дуруст аст, ки ин русто дар

Омодагӣ ба обхезиҳои эҳтимолӣ дар Ашт

Соли 1953 дар як рустои ҷопонӣ одамон баногаҳ ба бемории комилан ношинос гирифтор шуданд. Он системаи асабро фаро мегирифт: беморон мувозинати ҳаракатро гум карданд, гӯшашон вазнин шуд, нури чашмашон ва фаҳму даркашонро аз даст доданд.

Духтурон ин гуна ташхис карданд: заҳролудшуда аз симоб. Вале симоб аз куҷо пайдо шуд? Дуруст аст, ки ин русто дар