Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои 31 октябр ва 1 ноябри соли 2026 бинобар боришоти маҳаллӣ дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Ба сокинон тавсия дода мешавад:
- Бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ, соҳилҳои дарёҳо ва мавзеъҳои хавфи селу ярч сафар накунанд;
- Аз сайёҳӣ, сайру гашт, истироҳат, моҳидорӣ, шикор ва чаронидани чорво дар минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд;
- Ҳангоми баланд шудани сатҳи оби дарёҳо ва мушоҳидаи нишонаҳои сар задани сел фавран минтақаи хавфнокро тарк намуда, ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд;
- Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо суръати бехатарро риоя намуда, бо эҳтиёти зиёд ҳаракат кунанд;
- Ба бехатарии кӯдакон, шахсони калонсол ва шахсони ба кӯмак ниёздошта диққати махсус диҳанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ба огоҳии мазкур бо масъулияти баланд муносибат намуда, қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя кунанд.
Сарчашма: МИҲБ КҲФ ҶТ.


