Activities calendar

29 апрели 2024

Идомаи тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар ҷумҳурӣ

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 дар тамоми ташкилотҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ тамринҳо гузаронида мешаванд.

Бо мақсади ташаккул ва такмил додани малакаҳои рафтори бехатар дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе оид ба мудофиаи гражданӣ давраҳои омӯзишӣ ташкил ва гузарониданд. 

Селҳо дар кишвар. Талафоти ҷониву харобиҳои дигар нест!

28 апрели соли 2024 соати 16:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ боронҳои шадид сабаби омадани селҳо дар ҳудуди деҳаҳои Шараф, Садоқат ва Тоҷикободи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ шуд. Оби сел роҳи мошингардро зери об кард. Аммо ин сел ба хоҷагиҳо зарар нарасонд.

28 апрели соли равон чсоати 15:40 дақиқа аз теппаҳои атроф ба деҳаи Даҳанаи...