Наҷоти сокини 17-солаи пойтахт, ки бо мошин ба дарёи Варзоб парида буд

Дар остонаи Соли нав ҷавони масте бо ду ҳамраҳаш худро бо мошини «Toyota Camry» ба дарёи Варзоб андохт. Мошин тахминан 3-4 метр парид ва баъдан ба қаъри 1,5-2 метр фурӯ рафт. Агар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ба ёрӣ намерасиданд, фоҷеа ҳатмӣ буд. Сарнишинон беосеб аз дохили мошин берун оварда шуданд. Кумита бори дигар аз волидон хоҳиш мекунад фарзандони худро беназорат нагузоранд ва ронандаҳо маст мошинронӣ накунанд.

Дар километри 18-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ як сокини 17-солаи шаҳри Душанбе, ки мошини тамғаи «Toyota Camry» - ро дар ҳоли мастӣ идора мекард, бо мошин худро ба дарёи Варзоб андохт. Замони ҳодиса дар мошин ду нафари дигар ҳам менишастанд.

Мошин тахминан 3-4 метр парид ва баъдан ба қаъри 1,5-2 метр фурӯ рафт. Вақте наҷотдиҳандагон расиданд, мошин дар миёни дарё буд ва танҳо болои он менамуд, боқӣ дар об ғӯта зада буд.

Дар натиҷаи роҳандозии корҳои наҷот ронанда ва ду мусофири он аз дохили мошин берун оварда шуданд. Онҳо осеб надида буданд, вале тарсидаву тар шуда буданд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мошинро бо ёрии кран аз миёни дарё берун оварданд. Амалиёт муддати як соат идома кард ва баъдан онро барои тафтишу чораҷӯӣ ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷаҳон эҳтиром аз волидон хоҳиш мекунад, ки бачаҳои худро бе назорат нагузоранд.

Ҳамзамон аз кулли ронандагон хоҳиш дорад дар ҳоли сархӯшӣ аз шароб мошинронӣ накунанд.

барчасп: