Горди миллии ИМА ҳамкориҳои худро бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таҳким мебахшад

Таҳкими ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо, бозомӯзии кадрҳо ва фоҷеаҳои техногенӣ дар мулоқоти генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва генерали бригада Ҷеймс В.Ринг барарсӣ шуд. 

18 апрели соли 2019 дар Кумитаи Ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳайати Горди миллии ИМА бо сарварии сардори ситод, генерали бригада Ҷеймс В.Рингро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари КҲФ дар бораи корҳои анҷомшуда дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар, ҳамчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар ин самт нақл кард.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ташкили системаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии фаъолияти Кумита мавриди суҳбат қарор гирифтанд. 

Дра навбати худ генерал Ҷеймс В.Ринг дар бораи системаи Горди миллии ИМА ва чораҳое, ки Ҳукумати ИМА дар ҳалли масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода меандешад, нақл намуд.

Ҳамчунин дар ҷараёни ин мулоқот изҳор дошта шуд, ки Ҳукумати ИМА ният дорад аз тариқи Горди миллии ин кишвар дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ, фоҷеаҳои техногенӣ ва бозомӯзии мутахассон бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.

барчасп: