Офати табиӣ дар Исфара

16-уми майи соли равон дар натиҷаи боронҳои шадид дар қаламрави як қатор ҷамоатҳои ноҳияи Исфара сели бузург омад.
Бар асари ин 6 хона комилан ва 10 хонаи истиқоматии дигар қисман хароб шуд. Дар маҷмуъ аз ин сел дар рустоҳои гуногун 272 хонаи истиқоматӣ зарар диданд.
Ҳачунин ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳҳои мошингард ва системаи коммуникатсионии минтақа хисорати зиёд овард.
Бо мақсади бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кӯмак ба хонаводаҳои зарардида Ситоди фаврӣ созмон дода шуд ва ба ҷойи ҳодиса Ҷонишини Раиси Кумитааи ҳолатҳои фавқулодда, роҳбарони Ситоди КҲФ-и вилоят расиданд.
Барои кӯмак ба офатзадагон ва барқарорсозии харобаҳо воҳидҳои низомии КҲФ ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эъзом гардиданд.
Сели Исфара қурбонӣ надошт. Харобиҳои он барқарор крада мешаванд.