Вируси короно: Олам дар минтақаи ғайриқобили вуруд

Кореяи Ҷанубӣ бо нигаронӣ аз вазъи густариши вируси короно дар мамлакат вазъи ҷангӣ зидди ин вирус эълон кард. Президенти ин кишвар Мун Чже Ин ба тамоми дастгоҳҳои ин кишвар фармон дод мубориза ба муқобили коронро тақвият бахшанд ва барои садди роҳи густариши он шудан чораҳои фаврӣ андшанд.

Кореяи Ҷанубӣ яке аз кишварҳое мебошад, ки бо рушди болои  омори мубталоён рӯ ба рӯ мебошад ва то кунун ҳудудан 5 ҳазор шаҳрвандони он гирифтори ин беморӣ шудаанд. 30 нафари онҳо ҷон бохтаанд. Бештар аз ниме аз мубталоёни ин вирус дар Кореяи Ҷанубӣ аъзои як фирқаи мазҳабӣ мебошад, вале мақомоти беҳдоштӣ гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир нигарони густариши ин вирус ба соири  бахшҳои ҷомеа ҳастанд.

Густариши вируси короно дар Эрон боис шудааст, ки мақомот дар мавриди иҷрои баъзе одатҳои мазҳабӣ изҳори назар кунанд. Пайдо шудани наворҳои лесидани деворҳои мазори ҳазрати Маъсума дар Қум ва Имом Ризо дар Машҳад мақомотро нигарон кардааст. Ҳасан Наврӯзӣ, сухангӯи комиссияи ҳуқуқӣ ва қазоии Маҷлиши Шӯрои исломӣ он чи дар наворҳо омадаро хилофи тасмимҳои мақомот барои пешгирӣ аз густариши вируси короно номидааст. Дар Эрон сару садоҳое барои муваққатан бастани ин зиёратгоҳҳо баланд шудааст. Давлат мегӯяд дар зиёрат лесидани дару девори зиёратгоҳҳоро мамнуъ мекунад ва онҳое ин корро мекунанд, муҷозот хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо нигаронӣ аз густариши вируси короно аз шеваҳои таъсирбахши мубориза бо он изҳори қаноатмандӣ кардааст. Ин созмон гуфтааст, ки таваққуфи афзоиши омори  мубталоёни нав дар чандин кишвар ҳикоят аз муассир будани равишҳои  назорат ва нишони пешгирӣ аз вирус мебошад. Ин созмон аз кулли кишварҳои олам хостааст барои боз ҳам муассиртар шудани мубориза бо вирус талошҳои бештар ба роҳ монанд.

Тедрос Адхан Гебреисус-сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, ки кулли олам дар мубориза бо короновирус  дар қаламрави ғайриқобили вуруд қарор гирифтааст. Бино ба гуфтаи ӯ СҶТ то кунун ба ин ҳолат дучар наомада буд. Вируси короно ба зоти худ хеле нодир аст, вале ҳоло ҳам имкони он вуҷуд дорад, ки олам аз эпидемияи сартосарӣ ҳифз шавад.