ХАТЛОН: МАШҚИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР

 Аз 26 то 28 ноябри соли 2026 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон машқи мудофиаи гражданӣ баргузор гардид.

Ҳадафи машқ баланд бардоштани сатҳи омодагии мақомоти идоракунӣ, ҳайати роҳбарикунанда, қувваву воситаҳои мудофиаи гражданӣ, инчунин такмили малакаи амалии масъулин ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулода буд.

Дар ҷараёни машқ фаъолияти ситоди мудофиаи гражданӣ, омодагии сохторҳои дахлдор, ҳамоҳангсозии амалиёт, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба зарардидагон, анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода мавриди омӯзиш ва тамрини амалӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷамъбасти машқ натиҷаҳо таҳлил гардида, барои бартараф намудани камбудиҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои мудофиаи гражданӣ вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд.

 Сарчашма: МИҲБ КҲФ ҶТ.

 

барчасп: