Оғози дарсҳои омӯзишии шашрӯза дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои омӯзишии такмили ихтисоси ҳайати афсарони оғоз шуд.
Ҳадафи ин дарсҳо татбиқи амалии Созишномаи сеҷониба миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи гражданӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Федератсияи Русия, Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ оид ба расонидани кӯмакҳои методӣ, ҳамчунин баланд бардоштани малакаҳо ва донишҳои кормандони КҲФ мебошад.
Дарсҳои омӯзишӣ қарор аст то 30-уми октябри соли равон идома кунанд. 
Ин давраи омӯзишӣ аз ҷониби омӯзгорони Академияи ҳифзи граждании ВҲФ Русия дар се самт: омодагии оперативӣ, масъалаҳо оид ба ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд ва омодасозии сокинон ба амалҳо дар ҳолатҳои фавқулодда гузаронида мешавад. 
Ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Салимзода дар маросими ифтитоҳи ин дарсҳои омӯзишӣ бо арзи эҳтирому сипос ба омӯзгорон изҳор дошт, ки дар ҷараёни дарсҳо бештар ба Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда таваҷҷуҳ кунанд.
Дар ин дарсҳои омӯзишӣ афсарони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории кумита ширкат мекунанд.