Сирояти саросарии короновирус дар ҳаёти мардуми Аврупо нақш мегузорад. Дар Италия, Испания ва Фаронса зарфи як шабонарӯзи гузашта шумори сироятёфтагон ва фавтидагон афзуд. Дар 24 соати гузашта дар Италия бар асари ин беморӣ 368 нафар фавтиданд ва шумори умумии куштагони ин вирус дар ин кишвар ба 1809 нафар расид. Испания аз ҳалокат 97 нафар ва Фаронса аз 29 нафар хабар доданд. То кунун дар Испания аз ин беморӣ 288 нафар ва дар Фаронса 120 тан фавтидаанд. Дар Британия Кабир бошад дар шабонарӯзи гузашта аз короновирус 14 нафар ҳалок шуданд ва шумори умумии фавтидагон ба 35 нафра расид.
Аз имрӯз дар Испания карантин оғоз мешавад. Одамон ба ҷуз рафтан ба маҳали кор, назди духтур ва харидани маводи хӯрокворӣ, дигар ҳақи берун шудан аз хона надоранд. Сарвазири Испания Педро Санчес худ дар карантин аст, чун ҳамсараш гирифтори короно шудааст.
Дар Британияи Кабир шурӯъ аз имрӯз ҳар субҳ нишастҳои матбуотӣ бо ширкати сарвазир Борис Ҷонсон ва ё соҳибмансабони дигар баргузор мешавад. Онҳо ҳар рӯз хабарнигоронро бо омори расмӣ ва натиҷаҳои иқдомоти ҳукумат хабардор мекунанд. Чанд рӯз пеш 229 нафар аз ҷумлаи донишмандон бо ирсоли номаи кушод аз иқдомоти ҳукумати Британия интиқод карда буданд. Имрӯз зери як номаи дигари эътирозӣ бештар 250 ҳазор нафар имзо гузоштаанд.
Австрия ба рӯйхати кишварҳое, ки вурудашон дар ин мамлакат маҳдуд аст, чанд давлати дигарро илова кард. Акнун шаҳрвандони Русия, Британияи Кабир, Нидерландия, Украина низ бо маҳдудиятҳо метавонанд вориди ин кишвар шаванд ва ҳатман, ки карантини 14-рӯза барои COVID19-ро хоҳанд гузашт.
Дар Эрон тибқи иттилои расмӣ то кунун 724 нафар бар асари сироят ба короно ҷон додаанд. Шумори сироятшудагон беш аз 13 300 нафарро ташкил додааст.
Аз имрӯз, душанбе дар Маскав ҳузури озоди хонандагон дар мактабҳо ва донишҷӯён дар макотиби олӣ роҳандозӣ мешавад ва ҳукумати ин кишвар гуфтааст, ки ҳоло мехоҳад дақиқ кунад, ки таҷрибаи Маскавро дар саросари кишвар ҷорӣ кунад ё низоми дигарро. Аэрофлот парвозҳои дуҷониба тақрибан ба ҳамаи кишварҳои Аврупоро лағв кард.
Дар Ирландия ҳамаи ошхонаву бар ва тарабхонаҳо баста шуданд. Мақомот бо фармони дигар баргузории ҷашни Рӯзи Патрик (ибодати махсус ва таътилоти ирландҳо)-ро ҳам то 29-уми март манъ карданд.
Олмон имрӯз аз соати 8 субҳ вуруди шаҳрвандони Австрия, Швейсария, Фаронсаро маҳдуд кард. Дар Берлин ҳама гуна тадорукоти дастаҷамъӣ бо ҳузури беш аз 50 нафар манъ аст.
Нидерландия клубҳои шаҳвониро дар ноҳияи машҳури “фонусҳои сурх” дар Амстредам баст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 1 феврал то 14 марти соли равон 1603 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шудаанд.
Аз ин шумора то санаи зикргардида 1280 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 323 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии мамлакат ба карантин фаро гирифта шудаанд.
Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз сирояти коронавирус дар мамлакат ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, новобаста ба ин, чораҳои пешгирӣ ҷиҳати интиқоли сирояти мазкур ба мамлакат пурзӯр карда мешаванд.