Мулоқоти сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо ҳайати Барномаи умумиҷаҳонии ғизои СММ

Рустам Назарзода ва Стэйнлик Саманҷӣ ба таҳкими ҳамкориҳо миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Барномаи умумҷаҳонии ғизои СММ таъкид карданд.

24-уми апрели соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Барномаи умумиҷаҳонии ғизои СММ бо сарварии Директори шуъбаи сиёсат ва барномаҳо ҷаноби Стэйнлик Саманҷӣ баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот Сарвари КҲФ ба меҳмонон дар бораи фаъолиятҳои Кумита, ҳамчунин оид ба Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва амал дар ҳолатҳои фавқулодда, чораҳо дар такмили системаи ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин татбиқи чорабиниҳо дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ маълумот дод. 

Дар доираи бахши 17 Вазифаҳои рушди устувори барномаи СММ ҷонибҳо дар мавриди таҳкими ҳамкориҳо, боло бурдани вокуниши самаровар дар ҳолатҳои фавқулодда иттифоқи назар доштанд. 

Дар ин мулоқот ҳамчунин ду ҷониб изҳори умед карданд, ки ҳамкориҳои самаровар ва барои ҷонибҳо муфид имкон хоҳад дод, ки амнияти аҳолӣ ва ҳудуд дар Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулоддаи гуногун таъмин гардад. 

Дар поёни вохӯрӣ ҷаноби Саманҷӣ барои пазироии гарм изҳори миннатдорӣ намуд ва ба кишвар шукуфоии ҳамешагиву некуаҳволиро таманно намуд.