Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: боришоти шадид, сел, тӯфони ғуборолуд, резиши сангу лағзиши тарма

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши созмони обуҳавосанҷи мамлакат аз 27-ум то 30-уми апрели соли равон дар қаламрави Тоҷикистон  тағйирёбии боду ҳаво дар назар дошта шудааст.

Дар водиҳо боронҳои шадиди селосо меборад, шамол аз тарафи ғарб то 20-25 метр дар як сония мевазад, эҳтимоли болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо вуҷуд дорад. Дар баъзе манотиқ резиши жола низ аз эҳтимол дур нест, раъду барқ метавонад хатҳои интиқоли нерӯи барқро барканад. Бар асари шамоли шадид бомҳои хонаҳо осеб мебинанд, лағзиши заминҳо, шикастану чаппа шудани дарахтон низ эҳтимол дорад. Хатари раъду барқ низ таҳдид мекунад.

Дар манотиқи куҳӣ, дар баландиҳои бештар аз 2500 метр, шабонгаҳон боронҳои шадиди гузаранда ба барфи тар интизор меравад. Боришот муҷиби омадани сел, сангрезиш ва лағзиши тарма, бахусус дар қаторкуҳҳои водии Ҳисор ва минтақаҳои наздикуҳии Помир шуда метавонад.  Дар ҷануби кишвар хатари тӯфони ғуборолуд вуҷуд дорад.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар истифодаи роҳҳои куҳӣ эҳтиёкор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро барои сафар дар чунин шароит аввал омода созанд.

То имкон доранд аз рафтан ба манотиқи хатарзо, роҳандозии корҳои саҳро, омодасозии ҳезум ва шикор дар куҳҳо худдорӣ варзанд.