Руҷуъ ба таърих: Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди паст кардани хавфи офатҳои табиӣ

Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди паст кардани хавфи офатҳои табиӣ таъсис дода шудааст.

Ҷаласаи нахустини Платформаи миллӣ 25.05.2012 с.

Фаъолияти Кумита ҷиҳати татбиқӣ стратегияи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ба асоси фармон ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда аз 29.03.2012 сурат мегирад. Вазифаи котиби масъули Платформаи миллӣ ба дўши сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита вогузор шудааст.

Нақшаи кории Платформаи миллӣ ҳар сол таҳия ва тасдиқ мешавад, инчунин грўҳи коршиносони доимоамалкунанда ташкил шудааст. Рафти иҷрои “Стратегия миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди идораи хатари фалокатҳо барои солҳои 2016 – 2030” таҳия шудааст.

Ҷаласаи нахустини гурўҳи коршиносони Платформаи миллӣ 30.07.2012 с.

Ҷаласаҳои Платформаи миллӣ мутобиқи нақша доир мешаванд. Дар ҷаласаҳо ба сифати нозир намояндагони Барномаи рушди СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои маблағгузор даъват мешаванд.

Аъзоёни Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мавриди масоили коҳиши хатари офатҳои табиӣ ширкат меварзанд.

Ҷаласаи навбатии Платформаи миллӣ 23.12.2014 с.

Дар ҷаласаҳои Платформаи миллӣ лоиҳаҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таркиб ва тартиби фаъолияти Системаи ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳодисаҳои фавқулодда”, “Дастурамал  оид ба барқарорсозӣ пас аз ҳодисаҳои фавқулодда”, “Нақш ва вазоифи аъзои Платформаи миллӣ” баррасӣ шуданд.  

Дар доираи Платформаи миллӣ инчунин масоили зерин баррасӣ шуданд:

  • рафти иҷрои лоиҳаи Барномаи рушди СММ оиди корҳои барқарорсозӣ дар Шўроб;
  • рафти иҷрои лоиҳаи Барномаи рушди СММ «Дар бораи истифода аз имконоти идора намудани иттилоот дар ҲФ ва инкишофи системаи таъҷилии «111»;
  • масоили вобаста ба иҷроиши тавсиаҳои Барномаи қолабии Сендай оиди коҳиши хатари ҲФ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • натиҷаи татбиқи Барномаи Иттиҳоди Аврупо оиди коҳиши хатари ҲФ (ДИПЕКО 8) дар минтақаҳои Тоҷикистон.

Бо мақсади иҷро намудани супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Протоколи №1 Ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2016 “Дар бораи ташкил намудани гуруҳҳои зудамал дар минтақаҳои ҷумҳурӣ барои пешгирӣ ва бартараф кардани ҳодисаҳои фавқулодда” 26 апрели соли 2016 Кумита семинар-машварати кории Платформаи миллии ҶТ-ро оид ба коҳиши хатари ҲФ бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳо ва идораҳои ҷумҳурӣ доир намуд.

Мизи мудаввар оиди фаъолияти  Платформаи миллӣ

Семинарҳои миллӣ, мизҳои мудаввар ва курсҳои омўзишӣ ҷиҳати татбиқи барномаи миллӣ бо ҷалби маблағи сармоягузорон, инчунин курсҳои омўзишӣ ва мизи мудаввар бо ширкати аъзоёни гурўҳи коршиносон такшкил шуданд.

Бо ибтикори Кумита 3 июни соли 2016 дар толори «Душанбе-Плаза» ҷаласаи навбатии Платформаи миллӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар ҷаласа ба сифати нозир намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, Барномаи рушди СММ ва кишварҳои маблағгузор даъват шуда буданд.

Иштирокчиёни ҷаласа масоили коҳиши хатари ҲФ, иҷроиши Стратегияи миллии Ҷумҳурии Точикистон оид ба идора хатари фалокатҳо дар солҳои 2005 – 2015, ташкили Конфронси минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубиро дар масъалаи амалӣ намудани тавсиаҳои Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари фалокатҳо барои солҳои 2015 – 2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намуданд.

12-14 июли соли  2016 Конфронси минтақавии кишварҳои Осиёи марказӣ ва Қафқози ҷанубӣ оид ба масъалаҳои ттабиқи тавсияҳои “Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари фалокатҳо барои солҳои  2015-2030” гузаронда шуд.  

Дар кори конфронс намояндагони вазоратҳо ва идораҳои мутасаддии соҳаи пешгирӣ аз рафъи ҲФ-и Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, намояндагони сафоратхонаҳо, ташкилотҳои маблағгузор, инчунин мушовири Дабири Кулли СММ оид ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда иштирок доштанд.