Анҷоми тамрини омодабоши неруҳои мудофиаи гражданӣ дар Рашт

Як тамрини ҳолати омодабоши неруҳои мудофиаи гражданӣ дар ҳолатҳои фавқулодда дар Раштонзамин бо ҷалби ҳамаи идораву муассисаҳои Системаи ягонаи ҳолатҳои фавқулодда ба поён расид. Макони шартии ҳолати фавқулодда шаҳри Роғун интихоб шуд.

Ин тамрин бо мақсади татбиқи амалии вазифаҳое гузаронида шуд, ки  дар ҷаласаи Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2017 гузошта шуда буд.

10-уми феврали соли ҷорӣ Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати омодабоши ҳамаи сохторҳои воҳидҳои Системаи ягонаи  таъмини омодагӣ ва чораҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин  омодасозии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, ташкили интиқоли аҳолӣ аз манотиқи пурхатар ба макони амнро мавриди баррасӣ қарор додаву ба сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас дода буд.

Мавзуъи омӯзиш “Идораи мақомот ва қувваҳои мудофиаи гражданӣ дар ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда” номида шуд ва дар он ҳамаи воҳидҳои Системаи ягонаи ҳолатҳои фавқулодда ширкат карданд.  

Гуруҳи кории Ситоди КҲФ дар ноҳияҳои Рашт ба омӯзиши фарогири ҳимояи аҳолӣ дар шаҳри Роғун интиқол ёфт. Дар омӯзиш ҳамаи роҳбарони сохторҳои салоҳиятдор, аъзои Комиссияи шаҳрии ҳолатҳои фавқулодда, нерӯҳои мудофиаи гражданӣ, ҳамчунин кормандони дигар идораҳое, ки дар қаламрави шаҳр ҷойгир шудаанд, ҷалб гардиданд.

Дар доираи машқҳо корҳои омӯзишии садамавиву барқароркунӣ ва дигар амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуданд. Дарси омӯзишии интиқоли одамон аз ноҳияи шартан зарардида ба маконҳои амн, ташкили нуқтаҳои муҳаррики идораи неруҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуданд. 

Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба аҳолӣ қоидаҳои бехатари рафтору амал дар ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табии гуногунро фаҳмониданд.