Бино ба иттилои маркази зилзилсанҷии кишвар шоми рӯзи 29-уми сентябри соли равон соати 18:49 дақиқа, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ду маротиба такон хӯрд. Маркази заминларза 135 км ҷанубу ғарб аз шаҳри Душанбе, дар сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон буд. Қувваи он дар марказ ба 5 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод. Талафоти ҷониву хисорот ба қайд гирифта нашудааст.