Наҷоти як марде, ки дар “Баҳри тоҷик” ғарқ мешуд

26-уми июли соли равон наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҷараёни навбатдорӣ дар соҳили обҳои қаламрави вилоят чашмашон ба марде дар «Баҳри тоҷик» афтод, ки бо камераи чархи мошин шиноварӣ мекард, вале баногоҳ рӯ ба ғарқ шудан овард. Бо дурбин ин лаҳза басо рушану дақиқ дида мешуд.

Имдодгарон фурсатро аз даст надода, фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва мардро аз гирдоби об берун кашиданд.

Маълум шуд, ки ӯ 35 сол дошта, сокини шаҳри Гулистон будааст.

Ба ҷабрдида ёрии аввалияи тиббӣ расонданд ва чун ҳолаш беҳ шуд, аз бистарӣ шудан дар беморхона худдорӣ намуд.

Маврид ба ёдоварист, ки ин шабу рӯз дар саросари кишвар имдодгарони Кумита дар соҳили обҳо навбатдорӣ ташкил кардаву соҳилҳоро назорат мекунанд. Тибқи барномаҳои қаблан тарҳрезишуда, миёни истироҳаткунандагон дар мавзуи оббозӣ ва шиноварии бехатар, риояи қоидаҳои бехатариву амният суҳбатҳо мегузаронанд ва онҳоро аз паёмадҳои нохуши оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ огоҳ месозанд.

барчасп: