Оғози ёздаҳумин қувваозмоии бисёрҳарба миёни наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

11 –умин қувваозмоии ҷумҳуриявии бисёрҳарба миёни воҳидҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.

Дар маросими ифтитоҳи он Ҷонишини аввали Раиси кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён ва ҷонишини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ширкат карданд.

Дар ин мусобиқот 7 тим иштирок мекунанд. Дар ҳайати ҳар тим 6 нафар наҷотбахшони касбӣ, ки дар корҳои наҷот таҷрибаи ғанӣ доранд, дохил мешаванд.

Мусобиқаҳо муддати се рӯз идома мекунанд ва тӯли ин муддат ширкаткунандагонро лозим меояд се фосиларо аз рӯйи се мавзуъи наҷот: “Корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот дар муҳити табиат”, “Корҳои ҷустуҷӯиву наҷот дар муҳити техногенӣ” ва “Корҳои ҷустуҷӯиву ғаввосӣ” – ро иҷро кунанд.  

Ҳар санҷиши нав дар нуқтаи махсуси омӯзишӣ мегузарад. Наҷотбахшон маҳорати худро дар бартарафсозии оқибатҳои садамаҳои автомобилӣ ва роҳ, резиши маводҳои  хатарнок ва садамаҳоро дар майдони махсус омодашуда мегузаронанд. 

Барои “ҷустуҷӯи одамони гумшуда” ва “наҷоти ғарқшудагон дар об” тимҳо маҳорати худро дар обҳои дарёи Варзоб нишон хоҳанд дод.

Санҷиши маҳорати ғаввосон дар кӯли Ҷавонон мегузарад.

Мусобиқа 2-уми октябр ба анҷом мерасад ва ғолибон бо ҷоизаҳову туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.