Садамаи мошин дар хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт. Имдодгарон ронанда ва ҳамсафари ӯро наҷот доданд

Як мошини «Toyota Camry», ки аз ҷониби як сокини 22-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, бо мошини боркаши тамғаи «Дулан» бархӯрдааст. Ронанда ва мусофири он ҷавони 21-солаи сокини пойтахти кишвар ҷароҳати вазнин бардоштаву дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ин ҳодиса дирӯз, 5-уми январи соли 2024 дар хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе рух додааст.

Соати 22:52 дақиқи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз садамаи мошин дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ хабар доданд. Бо дарёфти хабар дастаи наҷотдиҳандагон аз Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд.

Маълум гардид, ки мошини тамғаи «Toyota Camry» аз шаҳри  Душанбе ба самти дараи Варзоб дар ҳоли ҳаракат буд ва ронандаи ҷавон аз уҳдаи идораи мошин, ки бо сурътаи баланд ҳаракат мекард, набаромада, бо мошини боркаши Дулан бархӯрд.  

Ронанда ва ҳамсафари ӯ дар дохили мошин, ки дарҳои он шадидан садама дида буд, монданд ва наметавонистанд бар асари ҷароҳат мустақилона аз он берун шаванд.

Наҷотдиҳандагон бо эҳтиёт аз он ки мабодо сӯхтор дар мошин рух надиҳад, аввал бо ёрии таҷҳизоти махсус аккумлятори онро хомӯш карданд ва баъдан бо истифода аз таҷҳизоти дигар дарҳои осебдидаи мошинро боз карда, ронанда ва ҳамсафари ӯро аз дохили мошин берун оварданд. 

Дар айни замон ҳарду дар бемористоне воқеъ дар шаҳри Душанбе бистарианд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд. Ҳамеша боло бурдани суръати ҳаракати мошин хатарзост.

Дар ёд дошта бошед, ки шуморо бесаброна дар хона волидону фарзандонатон интизоранд!

Ҳамчунин бо риоя накардани қоидаҳои ҳаракат ҷони худ ва ҳамсафарони худро дар хатар наандозед!