Activities calendar

19 январи 2024

Донишомӯзони хурдсол аз Раёсати КҲФ дар Хатлон дидан карданд

Ҳудуди 30 нафар мактаббачагон аз мактаби таҳсилоти ҳамагонии омӯзиши амиқи фанҳои алоҳидаи шаҳри Бохтар ба номи М.В. Ломоносов аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дидан карданд. 

Онҳо бо наҷотдиҳандагон, навбатдорон ва мутахассисони Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ сӯҳбат карда, бо вижагиҳои кормандони бахш шинос шуданд. 

Ду хабари рӯзи гузаштаи Имдодагрон ҳамеша омода хидматанд

Кормандони Воҳиди вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шабонарӯзи гузашта як дари бастаро боз карданд ва аз як таҳхонаи оби ҷамъшударо берун кашиданд.

Соати 22:29 дақиқаи рӯзи гузашта ба Қисми навбатдории Кумита аз як бону, сокини кӯчаи Бухоро, хонаи 50 занг зад, ки...