Қувваи заминларза дар маркази он Афғонистон 5 балл буд

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз, соати 14:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза 250 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди Афғонистон буд.

Бино ба гузориши манбаъ қувваи зилзила дар маркази он 5 балл, дар ҳудуди ВМКБ, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, минтақаи Рашт 3 балл ва дар вилояти Суғд 2 баллро ташкил дод.

Аз талафоти ҷониву хисороти дигар гузориш нарасидааст. 

барчасп: