Ду хабари рӯзи гузаштаи Имдодагрон ҳамеша омода хидматанд

Кормандони Воҳиди вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шабонарӯзи гузашта як дари бастаро боз карданд ва аз як таҳхонаи оби ҷамъшударо берун кашиданд.

Соати 22:29 дақиқаи рӯзи гузашта ба Қисми навбатдории Кумита аз як бону, сокини кӯчаи Бухоро, хонаи 50 занг зад, ки аз сабаби баста шудани дари даромади хонааш наметавонад ба он ворид шавда. Дар хона духтари 19-солааш танҳост. Ин духтар ҳам ҳарчанд талош кардааст, аз дохил натавонистааст дарро боз кунад. 

Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии таҷҳизоти махсус дарро боз карданд.

Занги дуюм аз сокинони кӯчаи Нусратулло Махсум, хонаи 8/4 расид. Онҳо хабар доданд, ки қубури интиқоли об дар бинои онҳо сӯрох шудааст ва об таҳхонаро фаро гирифтааст. 

Баъдди дарёфти хабар дастаи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд. Онҳо аввал пеши роҳи хуруҷи об аз қубури харобшударо гирифтанд ва баъдан бо ёрии насоси обкаш оби таҳхонаро берун кашиданд.

барчасп: