Донишомӯзони хурдсол аз Раёсати КҲФ дар Хатлон дидан карданд

Ҳудуди 30 нафар мактаббачагон аз мактаби таҳсилоти ҳамагонии омӯзиши амиқи фанҳои алоҳидаи шаҳри Бохтар ба номи М.В. Ломоносов аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дидан карданд. 

Онҳо бо наҷотдиҳандагон, навбатдорон ва мутахассисони Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ сӯҳбат карда, бо вижагиҳои кормандони бахш шинос шуданд. 

Ин меҳмонони хурдсол дар бораи қоидаҳои бехтарӣ дар ҳолатҳои гуногуни фавқулода маълумот пайдо краданд, бо техникаи гуногуни наҷот шинос шуданд. Ҳамзамон наҷотдиҳандагон баъзе машқҳои наҷотро ҳам намоиш доданд, ки барои онҳо хотирмон буд. 

Кормандони Раёсат ба наврасон дар бораи дастовардҳои варзишии худ, оид ба амалиётҳои наҷот, ки имдодгарон барои он соҳиби мукофот шудаанд, нақл карданд. 

Хонандагони калонсол дар бораи шарту шароитҳои мактабҳои олие пурсон шуданд, ки оянда метавонанд ин касби пуршарафро омӯзанду дар ин соҳа кор кунанд.