Сабти 16 ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз! КҲФ ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар дода буд, ки то 31 январи соли равон дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд, як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Чунончӣ, 28 январи соли равон соати  23: 00 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 57 то 63 роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб 15 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

29 январ, соати 06:50 дақиқа дар километри 63 ҳамин роҳ боз як ҳодисаи лағзиши тарма сабт шуд.

Барои поксозии роҳ ва бехатарии он ба ҳаракати мошинҳо аз ду ҷониб техникаи барфрӯбии ширкати роҳи Innovative Road Solutions (IRS) ҷалб шуд. Ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ надоштанд. 

Бо мақсади бехтарии ронандагон ва мусофирони он роҳ аз ду ҷониб муваққатан баста шуд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар мешавад, ки ҳамоно хатари тарма бар асари бориши пуршиддати барф, ҳамчунин резиши сангу рег, ҷо-ҷо ғарам шудани барф,

яхбандӣ дар ВМКБ, кӯҳҳои водии Ҳисор, роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд - Чаноқ, Душанбе - Рашт -Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ -Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб вуҷуд дорад.

Аз ин рӯ, ба шарвандон тавсия мешавад, ки дар чунин рӯзҳои пурхатар аз сафарҳои бидуни зарурат ба роҳҳои пурбарф худдорӣ кунанд. Рафтан ба шикор, ғунучини ҳезум, моҳидориву чорвочаронӣ низ маслиҳат нест.

Кумита аз ронандагоне, ки мехоҳанд ба ин самт ҳаракат кунанд, тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар аввал аз манбаъҳои расмӣ, аз ҷумла КҲФ, ВКД, хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт дар бораи вазъи роҳ маълумоти дақиқ дарёфт кунанд, ба ахбори Агентии ҳавошиносии кишвар дар мавриди боду борон диққат диҳанд.

КҲФ ёдовар мешавад, ки дар ҳоли шоҳиди ин ё он ҳолати фавқулода шудан шаҳрвандон метавонанд барои кумак ба рақами 112 ва телефонҳои қисми навбатдорӣ: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат кунанд.

барчасп: