Мулоқоти сарвари КҲФ бо ҳайати БОР

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҳайати Бонки осиёии рушд (БОР)-ро бо сарварии мутахассиси байналмилалии ин бонк хонум Белинда Хюитт ба ҳузур пазируфт

Мақсади асосии вохӯрӣ баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи КҲФ ва БОР дар татбиқи лоиҳаҳои оянда дар самти идораи хатари офатҳои табиӣ дар кишвари мо буд.

Дар рафти вохӯрӣ роҳбари КҲФ меҳмононро дар бораи фаъолияти КҲФ, воҳидҳои сохтории он ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ маълумот дод. Дар бораи гузаронидани мизи гирд барои муайян намудани максаду вазифаҳои минбаъда созиш ба даст омад.

Чунончӣ, 30 январи соли 2024 дар Маркази таълимӣ-методии КҲФ мизи гирд дар мавзуъи дар мавзӯи «Баланд бардоштани дарки хатарҳои офатҳои табиӣ ва устуворӣ» бо иштироки муовини Раиси КҲФ генерал-майор Сулаймон Исозода, шуъбаҳои роҳбарикунандаи Кумита ва намояндагони Бонки Осиёии Рушд баргузор шуда буд.

барчасп: