Мусобиқаи футболи хурд бахшида ба 32-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ

Бо ташаббуси раиси ВМКБ, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ, бахшида ба 32-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд байни тимҳои мақомотҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Дар мусобиқа 16 даста иштирок намуданд, аз ҷумла тими яккачини Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) дар ВМКБ.

Санаи 22 феврали соли 2025 дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бозии ниҳоӣ байни тими КҲФ ва дастаи Вазорати корҳои дохилии ВМКБ баргузор шуд. Дар натиҷа, тими КҲФ бо пирӯзӣ ҷоми раиси ВМКБ-ро ба даст овард.