ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раис ва шуъбаву бахшҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмун эълон менамояд.

Мансабҳои холӣ

Дастгоҳи Раиси Кумита:

•           Сармутахассиси шуъбаи умумии Дастгоҳи Раиси Кумита – 1 ҷой, маоши мансабӣ: 2168 сомонӣ;

•           Сармутахассиси бахши харитасозии Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ: 2641 сомонӣ;

•           Сармутахассиси Раёсати сохтмон, истифодаи бино ва иншоот – 2 ҷой, маоши мансабӣ: 2641 сомонӣ.

Маркази идоракунии Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон:

•           Муовини сардори Марказ – сардори Шуъбаи коммуникатсия – 1 ҷой, маоши мансабӣ: 3562 сомонӣ.

Шуъба ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:

•           Сармутахассиси Шуъбаи Кумита дар ноҳияи Рашт – 1 ҷой, маоши мансабӣ: 2168 сомонӣ;

•           Сармутахассиси Бахши Кумита дар ноҳияи Лахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ: 2168 сомонӣ;

•           Сармутахассиси Бахши Кумита дар ноҳияи Тоҷикобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ: 2168 сомонӣ;

•           Сармутахассиси Бахши Кумита дар шаҳри Ваҳдат – 1 ҷой, маоши мансабӣ: 2168 сомонӣ.

Ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун

Барои иштирок дар озмун довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

•           Ариза ба номи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

•           Варақаи шахсии ба ҳисобгирии кадрҳо (маълумоти шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ аниқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

•           Тарҷумаи ҳол (дастӣ ва чопӣ);

•           Нусхаи шиноснома (намунаи соли 2014, дар ҳолати иваз шудани ному насаб — шаҳодатнома);

•           Нусхаи диплом бо замимааш;

•           Расми 3х4 ранга — 4 дона ва 4х6 — 2 дона;

•           Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (дар мавриди доштани собиқаи меҳнатӣ);

•           Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

•           Эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулки худ;

•           Маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

•           Маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

•           Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

•           Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё талоқ);

•           Нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

•           Маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан;

•           Ҷузвдон (скорошивател);

•           Лифофа.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳути 26.
Телефон барои тамос: 223-01-53.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо — 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Талаботҳои тахассусӣ барои хизматчиёни давлатӣ

•           Доштани таҳсилоти олӣ бо назардошти ихтисос;

•           Донистани забони давлатӣ;

•           Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

•           Ҷавобгӯ будан ба дигар талаботҳои муқарраргардида оид ба қабул гардидан ба хизмати давлатӣ.

Барои категорияи дуюм (Муовини сардори Марказ – сардори Шуъбаи коммуникатсия) — доштани собиқаи меҳнатии на камтар аз панҷ сол.

 

барчасп: